БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ БАРРАСӢ ШУДАНД!

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чуқурак”-и ноҳияи Ховалинг  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб хониши сиёсӣ гузаронида шуд. 

Масъулин дар назди иштирокдорон  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ махсусан  дар бораи  хатари терроризм, сабабҳои гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, оқибати пайравии кӯркӯрона ба урфу  одат ва фарҳанги бегона, риояи ҳатмии қонунҳои миллӣ ва дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим  баромад карданд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар баромадаш аз доир намудани чунин вохӯрии муфид ба масъулин изҳори миннатдорӣ карда, қайд дошт, ки муҳтавои суҳбатро  дар вохӯриҳо ба маълумоти сокинони маҳалла мерасонанд.

Сипас, Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор шуда, аъзои  ташкилот  бо хариди рангу  оҳак  дар таъмири бинои ёрирасони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10 ёрии амалӣ расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg