
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ бо сокинони деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор вохӯрӣ доир кард.
Дар мулоқот масъалаҳои пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли наврас мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.