БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДСОЗИВУ БУНЁДКОРӢ КОРИ ИНСОНИ КОМИЛ АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Чашма-1”-шаҳри Норак маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ  доир карда шуд. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, Мансур Сафаров аз ҷониби иштирокчиён раиси ташкилоти ибтидоии “Чашма-1” интихоб карда шуд.

Ҳамзамон Ҳакимов Саидбек ҳамчун вакил аз ташкилоти номбурда ба Конференсияи XV-уми ҲХДТ дар шаҳри Норак пешниҳод гардид.

Сипас, масъулин  оид ба моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ, имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ суханронӣ карданд. 

Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аз ҷониби сокинон дастгирӣ ёфта, роҳрави муассиаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 таъмири босифат  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg