ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дурахшон»-и шаҳри Левакант бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баргузор гардид.
Зимни суҳбат масъулин иброз доштанд, ки Паём ҳар як сокини кишварро ба меҳнати содиқона ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ мекунад.
Қайд гардид, ки агар ба ҳар як кор камари ҳиммат баста, аз як гиребон сар барорем ва дар пешрафти Ватан саҳм гузорем, ободтарин ватан Ватани мо мешавад. Ҳамзамон, дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани маҷлисҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ба Конференсияҳои ҳисоботӣ- интихоботӣ пешниҳод намудани номзадҳоро аз ҳисоби шахсиятҳои арзанда ба иштирокдорон фаҳмониданд.
Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба корҳои ободонӣ машғул гардиданд.