
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Гулистон”-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” баргузор гардид. Дар аксия сокинон ҷӯйборҳои обгузари шафати роҳи кӯчаро таъмир карданд.
Бояд тазаккур дод, ки Аксияи ҳизбӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ пайваста гузаронида мешавад.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он миёни иштирокдорон суҳбату муколамма сурат гирифт.