БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ПУШТИБОНИ МАНФИАТИ ХАЛҚ АСТ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Гулобод”-и шаҳри Кӯлоб маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ ва хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан дар бораи баланд бардоштани донишҳои сиёсию маънавии ҷавонон ба хотири пешгирии шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти  террористию экстремистидошта, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва дигар масъалаҳои рӯзмарра суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, масъулин даъват карданд, ки  ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат   баҳри пойдории сулҳу субот, Ваҳдату ягонагӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бояд ҳамагон кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg