БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО СОЗАНДА ВА БУНЁДКОРЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории суҳбату вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Шаршар”-и Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Каримзода Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроия дар масоили марбут ба решакан намудани амалҳои коррупсионӣ, тафаккури ифротгароии динӣ ва хатари он барои идеологияи миллӣ, ошкор кардани ҷиноятҳои нобахшидании наҳзатиён бар зидди давлату миллат, пешгирии худкушиву худсӯзӣ миёни аҳолӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҳамчунин татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!” сухан гуфта, ҳамагонро  барои  истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба корҳои ободонӣ ҳидоят кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg