ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Шар-Шар 2»-и Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ, интихоби раиси ташкилот, интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ шуданд.
Масъулин дар баромади хеш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ сухан гуфта, зикр карданд, ки терроризму экстремизм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, мо бояд дар ҳифзи обу хоки Ватани азизамон бетараф набошем ва нагузорем, ки хоинони давлату миллат бо ҳар роҳу восита, бо ваъдаҳои дурӯғ ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба гирдоби маккоронаи хеш кашанд.
Дар охир самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сиёсати берунаву дохилаи кишвар баррасӣ шуда, иштирокдорон ба корҳои ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват гардиданд.