Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Истгоҳи таҷрибавии зироатҳои гармидӯст»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Дар вохӯрӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲҲДТ иштирок дошта, оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои созандаи ҳизб ва ҷалби фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ сухан гуфтанд.