БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАРЗАНД БОЯД БА ВАТАНУ МИЛЛАТ СОДИҚ БОШАД!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ дар  ташкилоти ибтидоии «Аловуддин» баргузор гардид.

Мавсуф зимни суҳбат дар бораи ташаккул додани мафккураи зидди коррупсионӣ ҳарф зада, қайд кард, ки имрӯз амалҳои коррупсионӣ (фассодкорӣ) яке аз зуҳуроти нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа, вазифаи нафақат моқомоти давлатӣ, балки тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Бо дарки маънӣ ва ҳисси масъулият сохторҳои ҳизбӣ ва аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми кӯшишу ғайрати худро барои бартараф кардани ин зуҳуроти номатлуб равона созанд.

Мавзӯи дигари суҳбат сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таъкид гардид, ки мову шуморо зарур аст, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва содиқ будан ба Ватану миллат тарбия намоем. Бояд ба ҷавонон ин нукта фаҳмонида шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имонию виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg