БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУЛЛИ ИШТИРОКДОРОН ҶОНИБДОРИ САРФАКОРИЯНД!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон дар ташкилоти ибтидоии «Ҳаёти нав»-и Ҷамоати деҳоти Қазилқалъа атрофи самтҳои афзалиятноки ҳизб вохӯрӣ доир гардид.

Мавсуф дар баромади хеш аз дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, риояи ҳатмии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», “Дар бораи масулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”,  пешгирии  шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористиву экстремистидошта ва татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» суханронӣ карда, аз ҷумла таъкид карданд, ки  маблағҳое дар тӯю маъракаҳо хароҷоти зиёдатӣ  мекунем, хуб мешуд дар обод кардани маҳалли зисти худ  ва шароити хуби таҳсил фароҳам овардан ба фарзандонамон хароҷот менамудем.  Кулли иштирокдорон ҷонибдори ин пешниҳод буданашонро изҳор карда,  чанде аз онҳо дар ин бора  фикру андешаҳои хешро баён доштанд.             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg