ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмончиён”-и ноҳияи Ховалинг бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Масъулин дар баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври васеъ ба ҳамагон маълумот доданд.
Чанде аз ҷамъомадагон дар баромадашон барои доир намудани хониши сиёсӣ ва додани маълумоти муфид оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз ҷумла роҳҳои мубориза ба терроризму экстремизм, истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ, риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ, истифода аз технологияи муосир, тарбияи ахлоқии фарзандон изҳори миннатдорӣ карда, таклиф намуданд, ки чунин мулоқоту вохӯриҳои судманд бештар ба роҳ монда шаванд.
Дар доираи Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур ба Мухтор Наимов кумаки моддӣ расонида шуд.