
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Назарзода Алӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти “Фархор” баргузор гардид.
Мавсуф дар суҳбат оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, махсусан, дар бораи давра ба давра ҳал гардидани се ҳадафи асосии давлат – таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз сарбастагии коммуникатсионӣ ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар суханронӣ намуда, қайд кард, ки алакай як сол боз баъди ба истифода додани чархаи якуми НБО Роғун аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегӣ саноатикунонии босуръати мамлакат ба миён гузошта шуда, дар ин самт низ корҳои зиёде ба иҷро расидаанд. Ҳамчунин, шарҳу тавзеҳи моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ идомабахши суҳбат буд.