БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ИСТИФОДАИ САРФАКОРОНАИ БАРҚ ВА ПАРДОХТИ САРИВАҚТИИ ҲАҚҚИ ОН БОЯД МАСЪУЛИЯТ ДОШТА БОШЕМ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки роҳбарияти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад масъулон  иброз доштанд,   ки   яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ин расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошад. Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ бо ишора ба ин мавзӯ қайд карданд, ки «Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардем».

Дар вохӯрӣ гуфта шуд, ки  самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон дар идома аз паёмадҳои хатаровари шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирӣ аз бегонапарастӣ ва моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки  вазифаи ҳар ҷавони бонангу номус ҷиҳати ҳифзи сарҳадоти Ватан мебошад суханронӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg