БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХИЗМАТ ДАР АРТИШИ МИЛЛӢ ШАРАФ ВА НОМУС АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Тутқавул” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ  доир карда шуд.

Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ шунида шуда, аъзои ташкилот аз нав раис интихоб карданд.

Масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ зимни вохӯрӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, алалхусус пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ба дарки ҳамагон расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад, ибрози назар намуда, қайд карданд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар қисмҳои низомии мамлакат шароити хубу замонавӣ фароҳам оварда шудааст ва ҷавонони моро зарур аст, ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат қарзи фарзандии худро дар сафи Артиши миллӣ сарбаландона адо намоянд. Инчунин масъулин даъват намуданд, ки  дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамагон бояд барои ободии маҳал ва рушди ҳунарҳои мардумӣ  саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg