ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ганҷина» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва дар ин баробар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Масъулин зимнан оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар мавзӯъҳо суханронӣ намуда, моҳияти дастуру супориш ва ҳидоятҳои Президенти кишварро ба иштирокдорон фаҳмониданд.
Баромади раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳамза Кодиров дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, вакилон ба конференсияи шаҳрӣ интихоб ва пешниҳод гардиданд.
Дар иҷрои қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» сокинон ба корҳои ободонӣ машғул шуданд.