
ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навобод”-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Қубодиён маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Шарифзода Маҳмадаюб, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва вакилони маҷлиси маҳаллӣ иштирок намуданд.
Дар маҷлис рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузор намудани конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Пас аз баррасии масъалаҳои мазкур Раҳимбек Нодиров, ки дар амалигардонии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми назаррас дорад, бо дастгирии иштирокдорон раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Аббос Риёзов сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 42 вакил барои иштирок дар Коференсияи XIV ноҳиявӣ интихоб карда шуданд.