БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ- ИНТИХОБОТӢ ДАР КАЁНВАРЗ

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  “Каёнварз” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд. Дар кори маҷлис муовини раис - роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб Неъматулло Иброҳимзода,  раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Наҷидуллозода Насриддин ва аъзои ташкилот  иштирок доштанд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи  раиси ташкилоти ибтидоӣ Ҳусейнзода Наврӯз оид ба фаъолияти 2,5 соли охир шунида шуда,  қайд гардид, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонида, дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар идома масъалаи интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакил ба Конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муҳокима шуда,  Ҳусейнзода Наврўз бо овоздиҳии якдилона раиси ташкилоти ибтидоӣ, ҳамзамон вакил ба Конференсияи 21-уми  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар интихоб ва пешбарӣ гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg