
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гимназияи № 1»-и Ҷамоати шаӽраки Ӽулбук бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Роӽбарияти Кумитаи иҷроия дар хусусӣ бо омодагҳои хамаҷониба дар сатҳи баланди сиёсӣ, шаффофу демократӣ баргузор намудани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сухан гуфта, таъкид доштанд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ ҳамагон бояд фаъол бошем. Дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ низ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Дар қисмати амалии Аксияи ӽизбии «Якҷоя ӽал мекунем!» аъзои ташкилоти ибтидоӣ ба як нафар шахси ниёзманд кумаки молиявӣ расониданд