БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ҲАМДИГАР БЕТАРАФ НЕСТЕМ!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Шар-шар-1» Ҷамоати шаҳраки Кирови ноҳияи Вахш оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар мулоқот масъулин  оид ба тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ ибрози назар намуда,  қайд карданд, ки мо аъзои ҳизбро зарур аст дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияти ваҳдату дӯстӣ,  ҳамрайъии ҳамватанон пешқадам бошем. Зикр доштанд, ки чунин анъанаҳои неки миллӣ, ки ба ҳамзистиву ҳамсоядории муносиб оварда мерасонад, кӯмак дар сохтмони хонаҳои ҳамдигар, ҳалли мушкилоти ҳамдигарӣ, ширкат дар тарбияи фарзандони ҳамдигар бо роҳи насиҳат кардану бетарафӣ накардан дар рафтору амали манфии онҳо мебошад.

Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбї оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсї суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg