Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

ҲАР ЯКИ МО БОЯД МАСЪУЛИЯТШИНОС БОШЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷалолиддини Румӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  баргузор гардид.

Дар маҷлис зимнан ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва даъвати вакилон ба конференсияи ноҳиявӣ  муҳокима гардида, бо ҷонибдории аъзои ташкилот аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул  шуданд.

Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ  дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки  бо омодагиҳои ҳамаҷониба  иштирок намудан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ  - интихоботи  Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ вазифаи асосии мо аъзои ҲХДТ ба шумор меравад ва ҳар яки моро лозим аст дар ин масъалаи муҳим масъулияти баланд зоҳир намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg