БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ДАСТҶАМЪӢ МУШКИЛОТИ МАҲАЛРО БАРТАРАФ МЕСОЗЕМ!

Н. ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Дар  ташкилоти  ибтидои  деҳаи  “Сангоба”-и ноҳияи Н. Хусрав хониши  сиёсӣ  оид  ба самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ  гузаронида шуд. Масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вобаста  ба рушду  тараққиёти Тоҷикистон  дар  тӯли  соҳибистиқлолӣ, қайд  карданд, ки  ҳамаи  дастовардҳо  самари  Ваҳдати  миллӣ  мебошанд.

Дар идома зикр гардид, ки бо  мақсади  омодагӣ  ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ- интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳалии  вакилони  халқ ташкилотҳои  ибтидоии  ҳизбӣ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав    барои   бартараф  намудани  мушкилоти  ҷойдошта  дар  ҳудуди  қитъаҳои  интихоботӣ,  барои  ҳалли  масъалаҳои  ҳалталаби  иҷтитмоӣ ва  дастгирии  қишрҳои   ниёзманди  аҳолӣ  тариқи баргузории  Аксияи  ҳизбии “Якҷоя  ҳал  мекунем!”  самаранок фаъолият карда истодаанд.    

Дар  қисмати  аксияи  ҳизбӣ  аъзои  ташкилоти  ибтидоии  мазкур  ба  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №19 барои  таъмири  мизу  курсӣ  қисмҳои  эҳтиётӣ  ва  маводҳои сохтмонӣ  кӯмак  расониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg