ХОВАЛИНГ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк”-и ноҳияи Ховалинг гузаронида шуд, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва вазифаҳое, ки дар назди кормандони соҳаи бонкдорӣ гузошта шудааст, ба таври муфассал шарҳу эзоҳ дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ иштирок карда ҷамъомадагон ба мубориза бо терроризм, пешгирии нашъмандию нашъаҷаллобӣ, мубориза бар зидди коррупсия, пешгирии ҷавонон аз гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, риояи фарҳанг ва урфу одати миллӣ, истифодаи мақсаднок аз теҳнологияи муосир ва дигар самтҳои ҲХДТ ҳидоят гаштанд.
Дар роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ҷалби аъзои фаъоли ҳизб ба шахси маъюб Ҳасан Солеҳов кумаки моддӣ расонида шуд.