БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЯК КАРДА АЗ ҲАЗОР ГУФТА БЕҲ!

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Булбулон”-и ноҳияи Темурмалик  мулоқоти навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

Дар суханронӣ масъулин  дар бораи рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба  истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун ҳарф зада, иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит намоем.

Дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокдорон ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят гардиданд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинон барои таъмири муассисаи таълимии деҳа  як миқдор масолеҳи  сохтмонӣ кумак  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg