БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОРИСОНИ ИН ВАТАНУ МИЛЛАТ МОЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии «Ҳамдилон»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сафутдинов  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, аъзо ва фаъолони ҳизб таҳти унвони «Мо дар дифои кишвар дорем чаҳду талош!»  мулоқот роҳандозӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб - ба дарки сокинон расонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, ки   мактаби ҷасорат ва мардонагӣ, муҳофизи истиқлолият, таъмингари ваҳдат ва сулҳу суботи кишвар аст, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иброз шуд, ки содиқона ба Ватан хизмат намудан рисолати ватандӯстӣ буда, тарбияи ҷавонон дар ин рӯҳия вазифаи олии ҳизбиён мебошад.

Дар охир, ҷиҳати татбиқи амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!», ки мақсад ободонию бунёдкорӣ аст, сокинони маҳал атрофи ҳавлии муассисаи таълимии №10-ро бо симтур маҳкам карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg