БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ БОЯД ОГАҲ БОШЕМ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Туто»-и Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Масъулон зимни суҳбат  дар бораи  нуктаҳои Паёми навбатӣ, солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда, ҳамагонро ба сарфакорию сариштакорӣ, анҷоми корҳои хайру сахо ва ободкориҳо даъват намуданд.

Ҷамъомадагон  иброз доштанд, ки дар амалӣ   гаштани ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ саҳми арзанда хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg