БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАНЗИМ ДАР ЗИНДАГӢ БАРАКАТ МЕОРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Гулзор”-и шаҳри Кӯлоб маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ ва хониши сиёсӣ баргузор карда гашт.

Дар маҷлис қайд шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба хотири ҷилавгирӣ аз хароҷоти зиёдатӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, бо мақсади дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону барҷомондагон қабул гардидааст. Масъулон иброз доштанд, ки  бо вуҷуди фаҳмондадиҳиҳои зиёд ҳанӯз ҳам аз ҷониби шаҳрвандон ҳолатҳои риоя нагардидани талаботи қонуни мазкур ба мушоҳида мерасад. Дар ин замина таъкид шуд, ки бояд шаҳрвандон бо дарки баланди масъулият тибқи талаботи қонун ҷашну маросимҳоро доир намоянд.

Дар қисмати охир раиси ташкилоти ибтидоӣ аз нав интихоб гардида, вакилон ба Конференсияи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб пешбарӣ гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg