
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи чашм»-и шаҳри Кӯлоб маҷлиси ҳисоботӣ–интихоботӣ ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалияноки фаъолияти ҳизбӣ доир гардид.
Дар мулоқот иброз шуд, ки мусоидат ба ташаккули мафкураи мардум, баланд бардоштани фарҳанги сиёсии онҳо, аз хатарҳои муосир ва мушкилиҳои глобалӣ ва геопалитикӣ огоҳонидани ҷомеа, аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ҳизбиён мебошад.
Таъкид шуд, ки дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ- ро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри сарҷамъии миллат, пойдории сулҳу субот ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бояд ҳамагон кӯшиш намоем.