
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён»-и ноҳияи Ёвон маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида, дар он баромади раис дар давраи ҳисоботӣ, интихоби раис ва пешбарии вакилон ба Конференсияи 14-уми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар қисмати дуюми маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб баромад намуда, заҳматҳои аҳли фарҳанги ноҳияро дар баланд бардоштани фарҳанги маънавии мардум муҳим донистанд.