
ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот масъулин баромад намуда, иброз доштанд, ки дар қиёс ба ду даҳсолаи пешин ҷавонони тоҷик дониши хуби сиёсиву мазҳабӣ доранд. Бо иқдомҳои сиёсиву ташвиқотӣ боло бурдани маънавиёти ҷавонон мешавад, ки ташаккулёбии раванди террористӣ ва экстремистӣ пешгирӣ карда шавад, ҳамон гуна, ки Ҳукумати Тоҷикистон тавонист даргирии сиёсиро дар кишвар бартараф кунад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки «Ҳамаи мо вазифадорем, ки пеш аз ҳама, худамон нангу номуси ватандорӣ дошта бошем, мардуми кишварро ба ободу хуррам гардонидани сарзамини аҷдодӣ ҳидоят кунем, пеши роҳи бегонапарастӣ ва хиёнатро гирем, боло будани манфиатҳои миллӣ ва давлатиро пайваста эҳсос карда, ҳамеша ҳушёру зирак ва ватандӯсту ватанпарвар бошем». Вале, сад афсӯс, ки баъзе аз ҷавонони гумроҳ фирефтаи ваъдаҳои чунин гурӯҳҳои ифротӣ мешаванд.