БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ САҲМГУЗОШТАН ДАР ЧОРАБИНИҲОИ СИЁСӢ МО МАСЪУЛЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии  “Ваҳдат”-и ноҳияи Қубодиён баргузор гардид.

Дар кори маҷлис намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ, аъзои ташкилоти ибтидоӣ иштирок намуда, ду масъалаи асосӣ, оид ба рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ –  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои деҳот ва  пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. 

Масъулин дар идомаи  вохӯрӣ доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ фикру андешаҳои хешро баён дошта, таъкид карданд, ки фаъолона иштирок намудан ва саҳм гузоштан дар  маъракаҳои муҳими сиёсӣ  вазифаи мо ҳизбиён аст ва моро зарур аст, бештар  дар байни омма корҳои тарғиботиро  ба роҳ монда, интихоботи дарпешистодаро шаффофу демократӣ  баргузор намоем.   

Дар охир оид ба масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg