БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

25 ҚАДАМИ СОЗАНДА

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.       

Маҷлиси ташкилоти ибтидоии «Маорифчиён» дар ноҳияи Дӯстӣ бо масъалагузории   фаъолияти  ташкилоти ибтидоӣ  дар давраи ҳисоботӣ,  интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва пешниҳоди вакил  ба конференсияи 17-уми  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ гузаронида шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи фаъолияти  ташкилоти ибтидоӣ  ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда,  қайд кард, ки  имрӯз мо бо ибтикори ҲХДТ дар 25 соли  таъсисёбиаш  ба комёбиҳои назаррас  ноил гардидем. Вобаста ба Соли баланд бардоштани  масъулияти  шаҳрвандӣ  вохӯриву суҳбатҳои  судманд бо сокинон  доир гардонида шуд, ки дар болоравии  иртиботи  аҳолӣ  бо мактаб мусоидат намудаст.   

Одиназода Ҳуснигул раиси Кумитаи иҷроия  баҳри дар сатҳи баланди сиёсӣ  гузаронидани маъракаи  дарпешистодаи сиёсӣ аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки  фаъолияти  ҳизбиро ҷоннок карда,  дар таблиғу ташвиқи ғояҳои  созандаи ҲХДТ  мусоидати ҳамаҷониба намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg