БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САРФАВУ САРИШТАКОРИИ НЕРУИ БАРҚ БА МАНФИАТИ МОСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Зартеппа»-и Ҷамоати деҳоти Узуни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур   баргузор гардид.   

     Дар вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилот, дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ, интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ карда шуданд

        Дар хониши сиёсӣ бештар дар бораи истифодаи самараноки қувваи барқ ва сари вақт пардохт намудани маблағи он сухан рафта, қайд гардид, ки ояндаи Тоҷикистон, пешрафту тараққиёти он аз бисёр ҷиҳат ба иқтидори энергетикии мамлакат вабастагӣ дорад. Бинобар ин мо бояд аз қувваи барқ сарфакорона истифода намоем, зеро истифодаи мақсаднок ва самараноки он ҳам ба оила ва ҳам ба давлат фоида меорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg