БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОБИТАИ ҲХДТ БО ҶОМЕА ТАҚВИЯТ МЕЁБАД

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Ҷомӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии ҳизбӣ ҷиҳати ба мардум расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ   доир гардид.  

      Дар рафти мулоқот масъулин  атрофи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳмгузор будан дар тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон, пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳаргуна равияҳои тундгаро, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона, донишандӯзиву аз бар кардани касбу ҳунарҳо, ихтироот ва ғайра маслиҳатҳои муфид доданд.

     Ҳамчунин дар ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси ҳисоботӣ- интихоботӣ баргузор гардид. Зимнан дар рафти маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии болозикр вобаста ба фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ муфассал суханронӣ намуд. Дар ин маҷлис, инчунин пешбарии як нафар вакил ба конфренсияи ҳисоботӣ  интихоботӣ масъалагузорӣ шуда,  шахси арзанда ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg