БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ГАВҲАРИ НОЁБ АСТ

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Иттифоқ» бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

     Зимни суханронӣ мавсуф оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ иброз намуд, ки  дар тӯли 28 соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми рамзҳои давлати соҳибихтиёр шакл гирифтанд, ки имрӯз дар самти рушд додани эҳсоси ватанпарастӣ ва хештаншиносии шаҳрвандон васеъ истифода мешавад. Истиқлолияти давлатӣ шароити арзандаро барои ташаккул, шинохт ва татбиқи манфиатҳои миллии кишвар ба вуҷуд овард. Ҳифзи истиқлолияти давлатӣ аз афзалиятҳои доимии миллӣ ба шумор меравад ва барои татбиқ гардидани манфиатҳои миллӣ мусоидат мекунад. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба  дастовардҳои бузург ноил гардид, ки  таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии мардуми шарафманди кишвар ба он сазовор гаштем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg