БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО БО КОРРУПСИЯ СОЗГОР НЕСТЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлолият»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ оид ба баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзо ва фаъолони маҳал вохӯрӣ баргузор гардида,  дар он масъулони Кумитаи иҷроияи ҳизб иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Дар мулоқот оид ба фароҳам овардани мафкураи зиддикоррупсионӣ,   муборизаи пайваста бурдан алайҳи ин зуҳуроти хатарнок, ки ба коста гардидани  маънавиёти  ҷомеа оварда мерасонад таъкид гардид. Иброз шуд, ки бо сӯистифода аз мансаб ва вазифаҳои хизматӣ дар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ба чунин амалҳо даст задан  пояҳои давлатдориро заиф намуда, боварии мардумро аз ҳукумату давлат  дур месозад.  Дар ин раванд, ҷомеаро лозим аст, ки омилҳои мусоидаткунанда ба коррупсияро бартараф намоянд.

     Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо қувваи  сокинони маҳал ба якчанд оилаҳои деҳа хати оби нӯшокӣ гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg