
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва ҳамзамон хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Дурахшон”-и ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид.
Дар маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давраи ҳисоботӣ шунида шуда, вакилон ба конференсияи ноҳиявии ҲХДТ интихоб ва пешниҳод гардиданд.
Дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки ҳамагон расонида шуда, аз ҳар кадоми онҳо ҷиҳати аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ ба хотири пешрафту шукуфоии Ватан даъват ба амал оварда шуд.