БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ПУШТИБОНИ МАНФИАТҲОИ МАРДУМ АСТ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.   Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Тебалай»-и Ҷамоати деҳоти Балхобӣ хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

     Масъулин дар бораи солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, пешгирии ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию тундгаро, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, зебогардонӣ ва созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бахшида ба сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро ба тарбияи дурустӣ фарзанд, сарфакорию сариштакорӣ, анҷоми корҳои хайру сахо ва ободкориҳо даъват  карданд.

       Ҷамъомадагон ин вохӯриро ба манфиат дониста, зикр намуданд, ки   ҳадафҳои созандаи  ҲХДТ-ро амалӣ хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg