
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маданият” –и Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар суҳбат масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ суханронӣ карданд.
Ҳамзамон, дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии сокинон пули деҳа, ки чанд муддат боз валангор гашта рафту омади мардум душвор мегашт, аз нав сохта ба истифода дода шуд.