
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ободу зебо намудани маҳали зисти худ дар ташкилоти ибтидоии “Челонзор”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бо иштироки сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ атрофи самтҳои афзалиятноки ҳизб суханронӣ намуда мардумро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят намуданд.
Ҳамчунин иброз шуд, ки соли 2020 дар кишвар интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Аз ин рӯ ҳар ки моро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, вакилони арзандаро интихоб ва пешбарӣ намоем.
Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.