БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМУ ҲУНАРОМӮЗИИ ҶАВОНОН ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ АСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ганҷдара”-и Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара  хониши  сиёсӣ баргузор карда шуд.

    Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар  ноҳияи Данғара оид ба  моҳияти эълон гардидани солҳои 2019-2021–Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”,  имконияти амалишавии ҳадафҳои созанда дар сатҳи маҳал, таваҷҷуҳи волидайн ба касбу ҳунаромӯзии фарзандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна равияҳои тундгаро, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, саҳмгузории дастаҷамъона дар корҳои созандагӣ, ободонӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”, истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ карданд.  Дар ин баробар маҷлиси ҳисоботӣ-интихобӣ дар ташкилоти ибтидоӣ ва пешбарии вакилон ба Конференсияи ноҳиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Иброз шуд, ки таваҷҷуҳ ба касбу ҳунаромӯзии ҷавонону наврасон аз муҳимтарин масъалаҳои тарбияи кадрҳои баландихтисос ба шумор рафта, барои омода намудани мутахассисони рақобатпазир дар бозори   меҳнат  заминаи устувор хоҳад гузошт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg