БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ПУШТИБОНИ ХАЛҚ АСТ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, маҷлиси Кумитаи  иҷроия ноҳияявии ҲХДТ баргузор  гардид.  Дар  он аъзои Кумитаи иҷроия, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисону коргузорони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, иштирок  намуданд.

      Дар рӯзномаи   маҷлис   ду  масъала, корҳои  ташкилию  омодагӣ  ба маъракаи муҳими  сиёсӣ - интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузории конференсияҳо ва маҷлисҳои  умумии  ҳисоботӣ-интихоботии  ташкилотҳои   ҳизбӣ,  даъвати Конференсияи 19-уми  Ҳизби  Халқии  Демократии   Тоҷикистон  дар  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  баррасӣ шуда, дар асоси гузоришу музокираҳо нисбати ҳамаи масъалаҳои баррасиёфта  қарорҳои   дахлдор  қабул   шуданд. 

      Дар охир Саиди Ёқубзод  узви  Кумитаи  иҷроияи  ноҳиявии ҳизб, иҷрокунандаи раиси  ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ  суханронӣ  намуда,  ҳамагонро ба иҷрои дастуру  супоришҳои  роҳбарияти  болоии  ҲХДТ  ва иҷрои    ҳадафҳои барномавии ҲХДТ   ҳидоят  намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg