
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Андозчиён»-и ноҳияи Ш. Шоҳин вохӯрӣ гузаронида шуд ва дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб суханронӣ намуданд.
Дар идома маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ роҳандозӣ шуд, раиси ташкилоти ибтидоӣ дар бораи натиҷаҳои фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод. Даъвати вакилон ба конференсияи ҲХДТ баррасӣ шуда, дар ин хусус қарорҳои дахлдор низ қабул гардиданд.