БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ТАРБИЯИ ҶАВОНОН БОЯД БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Дӯстӣ»-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҲХДТ баргузор гардид. Дар маҷлис натиҷаи фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ, интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ ва  интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ  шуданд.

     Дар идома масъулин  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз онҳо дар ташвишанд, суханронӣ карда, ҳамагонро даъват намуданд, ки бояд дар ҳифзи обу хоки Ватан бетараф набошем ва нагузорем, ки хоинони давлату миллат бо ҳар роҳу восита, бо ваъдаҳои дурӯғ ҷавононро мағзшӯӣ карда, ба гирдоби маккоронаи хеш кашанд.

   Дар қисмати охири чорабинӣ, иштирокдорон ба корҳои ободониву созандагӣ ҳидоят гардиданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg