БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО АМАЛҲОИ ИФРОТӢ МУНОСИБАТИ ОШТИНОПАЗИР ДОРЕМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Коллеҷи энергетикӣ»-и Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардид.

    Дар вохӯрӣ натиҷаи фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ,   интихоби раиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби вакилон ба Конференсияи ноҳиявии ҲХДТ баррасӣ шуда, намояндагони ҳизб  атрофи аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омӯзиши касбу ҳунар, рушди раванди ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти замони муосир суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg