
Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Вахёи-нав”-и Ҷамоати деҳоти Халеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва хониши сиёсӣ бо иштироки намояндагони ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис ду масъала, якум рафти корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, баргузории конференсияҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ” ва масъалаи дуюм пешбарии вакилон ба конференсияи ҳизбии ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар рафти баррасии масъалаҳои зикргардида, қайд карда шуд, ки меъёри намояндагӣ аз 270 нафар 1 нафар вакил муқаррар шудааст.
Дар вохӯри намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизб оид ба масъалаи якум қайд намуд, ки бояд мо ҳизбиён барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, махсусан интихоботӣ мақомоти намояндагӣ бо масъулияти баланд иштирок намоем ва дар шаффофу демократӣ гузаронидани он саҳми арзанда гузорем. Иброз шуд, ки бо назардошти ин, мо ҳизбиёнро зарур аст, ки интихоботро, чуноне ки Пешвои миллат таъкид намуданд, ба василаи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва бавуҷудоварандаи якдиливу якмаромии сокинон табдил диҳем. Махсусан, тамоми омилҳои носолим ва ба норозигии мардум мусоидаткунандаро бартараф намуда, бо кору амал ва пешоҳангиву ташаббускории худ мардумро ба сӯи созандагиву ободонӣ сафарбар созем.