БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ – ТАҲДИД БА ОРОМИИ ҶОМЕЪАИ ҶАҲОН!

ВОКУНИШ. Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман панҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда, дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гушаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз дар ҷаҳон ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати сарони давлатҳо, ин мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ҳама Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин таҳдиду талошҳо омадааст: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷахонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Экстремизм - ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад.

Ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккил дахл намуда, Сарвари давлат дар Паёми худ муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаоварро ҳамчун яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва мубориза бо ин зуҳуротро ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм арзёбӣ намуданд. Президенти мамлакат дар катори зуҳуроти номатлуб коррупсияро низ ном бурда, онро ҳамчун омиле ҳисобиданд, ки ба рушди устувори давлат мамониат карда, обрую нуфузи онро дар арсаи ҷахонӣ коҳиш медиҳад. Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муваззаф гаштаанд, ки фаъолияти худро дар ин самт ҷоннок намуда, тарзу усулҳои мубориза бо ин зуҳуроти номатлубро такмил диҳанд.

Дар Паёмҳои Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ воқеан ҳам равшангари ҳадаф ва вазифаҳои мо барои оянда буда, иҷрои муқаррароти он кафолати оромиву осудагии Ватан, болоравии сатҳи зиндагӣ ва ояндаи неки фарзандонамон хоҳад буда. “Терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама имконияти мавҷударо истифода намуда, барои пешрафти Тоҷикистон талош намоянд. Ҷавонон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд”.

Имрӯзҳо аъзоёни ташкилоти террористӣ- экстремистии ҳизби наҳзатӣ исломии дар Тоҷикистон мамнуъ дар хориҷӣ кишвар номи ташкилоти худро тағийр дода дар ҳар ҷаласаҳо худашонро бегуноҳ мешуморанд, вале мардуми азизи мо имрӯз ба қадри ин сулҳу ваҳдат, ки болои сари мо парафшон аст, бо заҳмату талошҳои хело зиёд ба даст омадааст ба қадри он мерасаду, ин ҳама доду фиғонҳое, ки ин наҳзатиҳо дар хориҷа мекунанд бовар ҳам надоранд.

Шукурова Латофат,

 корманди Кумитаи иҷроияи

ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg