БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НБО “РОҒУН” - ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

КӮЛОБ. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизибии “Чинор” бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Зимни вохӯрӣ  намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  қайд кард, ки ба кор оғоз кардани агрегатҳои якум ва дуюми иншооти тақдирсози мамлакат—НБО «Роғун» боиси ифтихору сарфарозии наслҳои имрӯзу ояндаи халқамон мебошад. Мавсуф илова кард, ки дар воқеъ НБО “Роғун” манзилу дилҳои мардуми моро гарму равшан мекунад. Азму талош ва созандагии халқ бо ҳидоятҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро беш аз ин шукуфонтар месозад ва бо бунёди пурраи ин иншооти азим мардуми тоҷик ба саодати бузург ноил мегарданд.

         Дар идомаи мулоқот вобаста ба дигар паҳлуҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ масъулони чорабинӣ   суханронӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg