БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ГАНҶ АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.    

       Дар чорабиние, ки дар ташкилоти ибтидоии “Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №22”-и шаҳри Кӯлоб баргузр гашт, масъулони Кумитаи  иҷроияи шаҳрии ҲХДТ қайд намуданд, ки хушбахтона пешниҳоди Пешвои миллат иқдоми наве барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, таъмини рӯзгори моддии мардум ва рушди сайёҳӣ дар дохили кишвар мебошад. Ҳадафи асосии эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ин муаррифии фарҳангу ҳунарҳои аҷдодии мардуми Тоҷикистон ба ҷаҳониён, манзараҳои зебову табиати нотакрори он, минтақаҳои дорои аҳамияти сайёҳии экологӣ ва сайёҳии таърихӣ – фарҳангӣ ва обод гардидани деҳотҷойҳо мебошад.

     Иброз шуд, ки дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эҳё ва рушди хунарҳои мардумӣ то имрӯз даҳҳо марказҳо, сехҳо ва коргоҳҳои хунармандон дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ташкил шуда, ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар ин замина бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ ҳар як фарди худогоҳро лозим аст, ки дар муаррифии Тоҷикистони биҳиштосо, табиати нотакрори он, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва дар рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ саҳми арзандаи хешро гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg