
ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Гулистон»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби масъулини ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, масъалаҳои пешгирии муҳоҷирати қувваи корӣ ба давлатҳои хориҷа, иҷроиши талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», адо намудани қарзи фарзандии ҷавонон -хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ карда, таъкид намуданд, ки бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани санаи муҳими таърихӣ вазифаи фарзандии мо мебошад ва моро месазад дар ин хусус масъулияти баланди ватансозӣ дошта бошем.